Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ Курси 34-уми худро барои ҳайати сарҳадбон ба анҷом расонд
Publishing date: 29 март 2023
24 марти соли 2023, Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ (КҲРС-BMSC) 34-умин курси худро барои ҳайати сарҳадбон ба анҷом расонд. Дар он 23 нафар кормандони сатҳи миёна ва боломақоми мақомоти амният ва идоракунии сарҳад, гумрук, муҳоҷират, корҳои дохилӣ, амнияти баҳрӣ ва агентиҳои назорати маводи мухаддир ширкат доштанд.
САҲА ба роҳбарон ва кормандони Марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон стратегияи рушди тиҷоратро таълим дод
Publishing date: 24 март 2023
27 намояндаи Марказҳои захиравии занони (МЗЗ) аз ҷониби САҲА дастгиришаванда, ки чордаҳ нафари онҳо роҳбар мебошанд, дар як курси таълимӣ дар Душанбе тарзи ба даст овардани устувории муассисавиро тавассути тиҷорати даромадноки иҷтимоӣ омӯхтанд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин курсро аз 13 то 17 марти соли 2023 ташкил кард.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси безараргардонии маводи таркандаро барои мутахассисони Осиёи Марказӣ ташкил кард
Publishing date: 20 март 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
17 марти соли 2023, 16 нафар мутахассисони безараргардонии минаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе курси сеҳафтаинаи минтақавии безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 3)-ро хатм карданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин чорабиниро дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Штаби марказии Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор кардааст.
Наҷотдиҳандагони тоҷик курси таълимии доирнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ анҷом доданд
Publishing date: 17 март 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
17 марти соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии баланд бардоштани иқтидор оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ барои 20 нафар намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро хотима бахшид. Курси дуҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва тавонмандии наҷотдиҳандагон дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар минтақаи тармафароӣ, инчунин офиятбахшии осебдидагон пас аз тармафароӣ дар шароити душвори зимистон нигаронида шудааст.
САҲА баргузории мизи мудаввар оид ба баробарии гендерӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ кард
Publishing date: 15 март 2023
14 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари Иттифоқи занони парлумон дар Тоҷикистон бахшида ба баррасии “Қонун дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи занони парлумон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе якҷоя мизбонӣ карда шуд.
Рушди зарфияти Тоҷикистон барои дархости фаромарзии далелҳои электронӣ
Publishing date: 6 декабр 2022
Content type: News
What we do: Countering terrorism, Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 29 ноябр то 2 декабр Департаменти таҳдидҳои фаромиллии САҲА, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Дафтари UNDOC оид ба пешгирии терроризм, дар Тоҷикистон курси таълимӣ оид ба дархости далелҳои электронӣ аз таъминотчиёни хизматрасонии воқеъ дар қаламрави кишварҳои хориҷиро баргузор намуданд. Курс дар асоси Дастурамали Созмони Милали Муттаҳид оид ба дархости фаромарзии далелҳои электронӣ аз ҷониби UNODC, INTERPOL ва САҲА бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Сафирони САҲА ба Тоҷикистон ташриф оварданд
Publishing date: 8 ноябр 2022
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа, Идораи сарҳад, Баробарии гендерӣ