Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА як силсила омӯзишҳои омӯзгоронро барои кормандони давлатӣ оид ба пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ташкил кард
Publishing date: 25 декабр 2024
Аз моҳи август то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила омӯзишҳои серӯзаро барои роҳбаладон дар саросари кишвар баргузор намуд.
САҲА иқтидори роҳбарони Марказҳои дастгирии занони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути омӯзиши интерактивӣ оид ба таҳияи лоиҳа, идоракунӣ ва ҷалби захираҳо тақвият медиҳад
Publishing date: 20 декабр 2024
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии панҷрӯзаро оид ба таҳияи лоиҳаҳо, идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҷамъоварии маблағҳо ташкил намуд, ки аз 16 то 20 декабри соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 14 роҳбари Марказҳои захиравии занон, аз чумла 9 нафар занон дар курс иштирок карданд ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешаванд.
САҲА шабакаи ҷавононро дар пешбурди баробарии гендерӣ дар саросари Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Publishing date: 17 декабр 2024
Аз моҳи октябр то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендериро дар ташкили даҳ ҷаласаи баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар саросари Душанбе ва манотиқи деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кард. Зиёда аз 25 нафар аъзои шабака ба Норак, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Исфара, Ғарм, Кӯлоб, Бохтар ва Леваканд сафар карда, 283 иштирокчӣ – 91 мард ва 192 зан – аз ҷумла ҷавонон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва пешвоёни ҷомеаро ҷалб намуданд.
САҲА сафари табодули байналмилалии намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Албания барои баррасии механизмҳои миллии бозравонии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дастгирӣ кард
Publishing date: 6 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Идораи САҲА дар Албания, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ҳашт намояндаи мақомоти гуногуни давлатӣ, ки барои пешгирӣ ва вокуниш ба хушунати хонаводагӣ масъуланд, ба шаҳри Тиранаи Албания сафари омӯзишӣ ташкил кард. Сафари мазкур аз 3 то 6 декабри соли 2024 сурат гирифта ба он Намояндагии САҲА дар Албания мусоидат намуд.
САҲА барои густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳои пешқадам барои Ассотсиатсияи шӯроҳои занон ба Молдова сафари омӯзишӣ ташкил кард
Publishing date: 5 декабр 2024
Аз 2 то 5 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафари панҷ намояндаи Ассотсиатсияи шӯроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кишинёви Молдова анҷом дод.
САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Душанбе ҷиҳати пешбурди муколама ва кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо зӯроварӣ Форуми миллӣ баргузор карданд
Publishing date: 27 ноябр 2024
27 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми миллии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ- фаъолони ҳаракати гендериро таҳти унвони «Бар зидди зӯроварӣ муттаҳидшуда» дар шаҳри Душанбе ташкил намуд. Ин чорабинии муҳим 84 нафар фаъолони гендерӣ, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои байналмилалиро барои муҳокимаи стратегияҳои пешбурди баробарии гендерӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занону духтарон ҷамъ овард.
САҲА имконоти роҳбаладони Марказҳои захиравии занонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути омӯзиши динамикӣ, ки ба рушди малакаҳои мусоидат ба ҳал кардан ва стратегияҳои пешгирии низоъҳо нигаронида шудааст, васеъ кард
Publishing date: 2 ноябр 2024
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси панҷрӯзаи таълимиро таҳти унвони “Мусоидат ба ҳал ва пешгирии низоъҳо: Асосҳо ва усулҳои амалӣ” ташкил намуд, ки аз 28 октябр то 2 ноябри соли 2024 баргузор гардид. Дар курси таълимӣ 26 роҳбалади Марказҳои захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ карда мешаванд, аз ҷумла 23 зан ширкат варзиданд.