СУБОТИ БЕХАТАРИИ МИНТАКАВЇ АР МАРКАЗИ ТАВАЉЉУХИ РАИСИ САЊА ЊАНГОМИ ТАШРИФИ Ў ДАР ТОЉИКИСТОН
ДУШАНБЕ, 16 маи соли 2011 – САЊА кўшиш ба харљ дода истодааст, то Тољикистонро дар таќвият бахшидан дар идоракунї ва бахатарии сарњади ў бо Афѓонистон дастгирї намояд, имрўз изњор намуд Раиси феълии САЊА, Вазири корњои хориљии Литва Аудронюс Ажубалис њангоми ташрифи худ ба ш. Душанбе.
«Сарњадњои бехатар ва хуб идорашаванда омили калидї барои суботи минтаќавї мебошанд», гуфт ў. «САЊА бо Тољикистон њамкорї намуда истодааст, то дар тањкиму таќвият додани сарњади тўлкашидаи Тољикистон бо Афѓонистон ба кишвар кўмак расонад. Ман дар соли гузашта ќабул шудани Стратегияи миллии Тољикистон оид ба идора намудани сарњадро як иќдоми хайр мешуморам ва умед дорам, ки он њар чї зудтар татбиќ мешавад. Агар дархост изњор гардад, САЊА метавонад ин равандро дастгирї намояд.»
Ў инчунин дастгирии Њукумати Тољикистонро нисбат ба Омўзишгоњи олии сарњадии САЊА, ки дар ш. Душанбе љойгир шудааст, баланд арзёбї намуд. Омўзишгоњ, ки соли 2009 таъсис ёфтааст, барои кормандони ќўшунњои сарњадї ва гумрук ва дигар афсарон аз кишварон-иштирокчиёни САЊА ва Шарикон барои њамкорї, аз он љумла Афѓонистон, семинарњо ва курсњои омўзишї мегузаронад.
«Ин дастгирї далели наќши махсус доштани Тољикистон дар САЊА мебошад, махсусан ваќте ки гап дар бораи њамкории Созмон бо Афѓонистон меравад», изњор намуд Ажубалис.
Баъд аз вохўрињо бо Президент Эмомалї Рањмон ва Вазири корњои хориљї Њамрохон Зарифї, Ажубалис иброз дошт, ки ў ба Тољикистон барои баланд арзёбї намудани њамкории кишвар бо САЊА ташриф овардааст. Ў инчунин таъкид кард, ки ў дастгирии пайвастаи Созмонро дар идоракунии сарњад, ислоњоти пулис ва њамкорї дар мубориза бар зидди коррупсия ва ташвиќ намудани волоияти ќонун, махсусан ислоњот дар системаи судї вобаста ба ќонунгузории љиноятї, аз он љумла озодии ВАО, ки яке аз авлавиятњои Раисии Литва дар САЊА дар соли 2011 мебошад, пешнињод намуд.
«Дар ваќти вохўрињои худ, ман наќши муњимеро, ки матбуоти мустаќил дар сањмгузорї ба субот мебозад, муњокима намудам», гуфт ў. «Ман Њукумати Тољикистонро дар давом додани њамкорї бо ВАО-и мустаќил барои таќвият бахшидан ба принсипњои демократї дар кишвар ташвиќу тарѓиб менамоям. Ман инчунин умед дорам, ки аз мурофиањои судї бар зидди рўзномањо ва рўзноманигорон канорагирї кардан мумкин аст, чунки парвандањои судї метавонанд озодии ВАО-ро, ки онро њамаи мо гиромї медорем, саркўб намоянд.»
Љаноби Ажубалис инчунин шарикони худро дар Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон ташвиќ намуд, ки гурўњи литвагињои љавонро, ки наќша доранд ба Тољикистон моњи июн барои мушаххас намудан ва ба тартиб даровардани мањалњое, ки дар онњо литвагињои бадарѓашуда гўронида шуда буданд, дастгирї намоянд, аз он сабаб, ки чи тавре ки ў гуфта гузашт, рисолати ин гурўњ «хотираи таърихиро байни мардумони мо таќвият мебахшад.» Гурўњ ин гуна њайатњоро ба хориљи кишвар дар тўли якчанд соли охир ташкил намудааст.
Љаноби Ажубалис ба ш. Душанбе, рўзи душанбе бо ташрифи дурўза, ки инчунин аз вохўрињои ў бо Шукурљон Зуњуров, Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ва намояндагони њизбњои сиёсї ва љомеаи шањрвандї иборат мебошад, омад..