Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ва Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баҳри беҳтар намудани воситаҳо ва малакаҳои таҳлилӣ барои муборизаи самаранок бар зидди маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон курси омӯзишӣ доир менамоянд
Publishing date: 27 феврал 2019
Content type: News
Where we are: OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Шӯъбаи САҲА оид ба таҳдидоти фаромиллӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Барномаи Глобалии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ДММҶ СММ) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз 25 то 27 феврали соли 2019 дар Тоҷикистон барои 15 нафар коршиносон ва мутахассисони мақомоти Тоҷикистон курсҳои омӯзишии серӯзаи ба таҳкими иқтидори мубориза бо маблағгузории терроризм равонашударо доир намуданд...
Зарурати ҳамкории зич ва риояи ҳуқуқи инсон ҳангоми муқовимат ба терроризм дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд таъкид карда шуд
Publishing date: 4 май 2018
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
ДУШАНБЕ, 4 майи соли 2018 – Муттаҳид намудани кӯшишҳои муқовимат ба ифратгароии хушунатомез ва тундгароӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мадди назари конфронси сатҳи баланди дурӯза буд, ки имрӯз дар Душанбе ба анҷом расидааст. Конфронси таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо САҲА, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 7 июл 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод...