Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба мансабдорони Тоҷикистон усулҳои қатъи маблағгузории терроризмро таълим медиҳанд
Publishing date: 3 март 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
28 феврали соли 2020 дар Душанбе курси чоррӯза оид ба қатъи маблағгузории шабакаҳои террористӣ ба итмом расид. Курс аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Дафтари минтақавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Бахши зиддитеррористии Дафтари таҳдидҳои фаромиллии САҲА ташкил карда шудааст.
Семинари САҲА дар Душанбе оид ба тақвиятбахшии тадбирҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятии вокуниш ба терроризм дар чаҳорчӯбаи волоияти қонун
Publishing date: 9 октябр 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Семинари дурӯза дар бораи тақвият додани тадбирҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятии вокуниш ба терроризм дар ҷаҳорчӯбаи волоияти қонун дар санаи 9 октябр дар шаҳри Душанбе хотима ёфт. Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) ва Бахши зиддитеррористии Шӯъбаи Котиботи САҲА оид ба таҳдидҳои фаромиллӣ дар якҷоягӣ баргузор карданд. Дар семинар зиёда аз 30 иштирокчӣ ҷамъ омаданд, ки онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои ғайдавлатӣ, суд, коллегияи адвокатҳо буда, дар самти пешгирии терроризм фаъолият мебаранд...
САҲА ба андешидани тадбирҳои умумидавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
Publishing date: 21 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
21 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе омӯзиши серӯзаи назариявии миллӣ дар мавзӯи муқовимат ба истифодаи Интернет бо ҳадафҳои террористӣ оғоз ёфт.
САҲА намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, омӯзгорон ва падару модаронро дар Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон таълим медиҳад
Publishing date: 18 июл 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе тақрибан барои 320 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ, омӯзгорон, падару модарон аз оилаҳои муҳоҷирон ва одамоне, ки хешовандони онҳо ҳамчун муборизони террористии хориҷӣ ба минтақаҳои мавриди муноқиша қарордошта рафтаанд, ҳамчун як ҷузъи усули умумиҷомеавии мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад, дар байни ҷавонони Тоҷикистон омӯзиш доир намуд. Курсҳои омӯзишӣ аз 24 июн то 18 июли соли 2019 дар 12 ноҳияи вилояти Суғд ва Хатлон гузаронида шуданд...
САҲА дар Душанбе конфронси сатҳи баландро оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он дастгирӣ мекунад
Publishing date: 20 май 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» ба анҷом расонида шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин чорабиниро дар ҳамкории зич бо САҲА, Созмони Миллали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо баргузор намуд.
САҲА курсҳои омӯзиширо барои аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад анҷом дод
Publishing date: 8 май 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Аз 2 то 4 майи соли 2019 дар шаҳраки Гулистон курсҳои омӯзишии серӯза оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии баргузор гардид. Курси омӯзишӣ ҳамчун марҳилаи ниҳоии мусаллаҳ намудани аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ бо дониш ва малакаҳои марбут ба баррасӣ ва ворид намудани ҷанбаҳои пешгирӣ ва муқовимат ва ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад ба кӯшишҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа хизмат кард.
Дар Душанбе бо дастгирии САҲА мизи мудаввар оид ба Нақшаи миллии амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор гардид
Publishing date: 1 апрел 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
29 марти соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорум ҷаласаи машваратиро бахшида ба амалинамоии Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёти Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез то соли 2020 баргузор намуд. Он дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардид