Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ба директорон ва кормандони Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкории иҷтимоиро меомӯзонад
Publishing date: 1 март 2024
Эҷоди моделҳо барои таъсиси корхонаҳои иҷтимоӣ ва гуногунсозии манбаъҳои даромад барои таъмини устуворӣ аз ҷумлаи малакаҳое буд, ки дувоздаҳ зан дар як курси омӯзишӣ барои 26 намояндаи Марказҳои захиравии занони аз ҷониби САҲА дастгиришаванда омӯхтаанд.
САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимӣ баргузор мекунад
Publishing date: 17 ноябр 2023
17 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзиши роҳбаладон, ки аз ҷониби САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон доир гардида буд, ба анҷом расид.
САҲА оид ба таъқиби судии хушунати хонаводагӣ омӯзиш доир намуд
Publishing date: 27 октябр 2023
Аз 25 то 27 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Сароби наздикии Душанбе тренинги серӯзаро оид ба таъқиби судии хушунати хонаводагӣ мизбонӣ намуданд.
САҲА ҷавононро барои пешгирии хушунати хонаводагӣ таълим медиҳад
Publishing date: 19 октябр 2023
Аз 17 то 19 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) тренинги серӯзаи тренеронро оид ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ташкил намуд. Дар тренинг 17 нафар ҷавонон (6 мард ва 11 зан) аз шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.
САҲА кӯшишҳои беҳтар кардани баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Publishing date: 12 октябр 2023
12 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рафъи таассубҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оиларо баргузор намуд. Чорабинии аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент ташкил карда шуда дар шаҳри Душанбе баргузор шуда дар он 40 нафар (24 зану 16 мард) намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарбачагон гирди ҳам овард
Publishing date: 11 октябр 2023
11 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) мизи мудаввари якрӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарбачагон дастгирӣ намуд. Дар чорабинӣ ҳудуди 55 ҷавони фаъол, аъзои Эътилофи “Де-юре де-факто” ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз Душанбе ва минтақаҳо гирди ҳам омаданд.
САҲА оид ба дастгирии ҳуқуқӣ ба наҷотёфтагон аз зӯроварӣ дар оила омӯзиш баргузор мекунад
Publishing date: 29 сентябр 2023
Аз 25 то 29 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занони дастгиринамудаи САҲА (МЗЗ) ва мақомоти маҳаллӣ як курси таълимии панҷрӯза ташкил намуд. Ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он дар маҷмӯъ 23 ҳуқуқшинос аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳадафи ин курс омӯзонидани иштирокчиён оид ба тарзи расонидани машварати ҳуқуқӣ ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва шахсони мавриди хатари дучор шудан ба зӯроварӣ дар оила қарордошта буд.