Skip Links

News Item

САҲА ва Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баҳри беҳтар намудани воситаҳо ва малакаҳои таҳлилӣ барои муборизаи самаранок бар зидди маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон курси омӯзишӣ доир менамоянд

Шӯъбаи САҲА оид ба таҳдидоти фаромиллӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Барномаи Глобалии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ДММҶ СММ) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз 25 то 27 феврали соли 2019 дар Тоҷикистон барои 15 нафар коршиносон ва мутахассисони мақомоти Тоҷикистон курсҳои омӯзишии серӯзаи ба таҳкими иқтидори мубориза бо маблағгузории терроризм равонашударо доир намуданд...

Issued on:
Issued by:
OSCE Secretariat, OSCE Programme Office in Dushanbe
Fields of work:
Мубориза бар зидди терроризм

Шӯъбаи САҲА оид ба таҳдидоти фаромиллӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Барномаи Глобалии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ДММҶ СММ) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, аз 25 то 27 феврали соли 2019 дар Тоҷикистон барои 15 нафар коршиносон ва мутахассисони мақомоти Тоҷикистон курсҳои омӯзишии серӯзаи ба таҳкими иқтидори мубориза бо маблағгузории терроризм равонашударо доир намуданд.

Курсҳои омӯзишӣ дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалии САҲА ва ДММҶ СММ гузаронида шуданд. Иштирокчиёни тренинг дар саридораҳои Прокуратураи генералӣ, Раёсати мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд.

Иштирокчиён онро дарк намуданд, ки чӣ гуна густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ метавонад садди роҳи маблағгузории терроризм гардад. Дар асоси сенарияҳои бо дарназардошти хусусиятҳои кишвар ва минтақа таҳияшуда, курси омӯзишӣ дарсҳои бахшида ба таҳқиқи молиявӣ ва таҳлили стратегиро дар бар гирифт. Иштирокчиён бо воситаҳо ва усулҳои мушаххас шинос шуданд, ки ба таври назаррас ба баланд бардоштани самаранокии онҳо дар мубориза алайҳи маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд.

Курси омӯзишӣ ба кӯмак расонидан ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, мутобиқи қарорҳои Шӯрои амнияти СММ, стандартҳои Гурӯҳи таҳиянамоии тадбирҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (FATF) ва ӯҳдадориҳои САҲА нигаронида шуда буд.

Курси таълимӣ қисми барномаи фарогири бисёрсолаи САҲА-ДММҶ СММ оид ба  баланд бардоштани иқтидор барои дастгирии кӯшишҳои миллии мубориза бар зидди маблағгузории терроризм дар Осиёи Марказӣ мебошад.


Contacts

Communication and Media Relations Section

OSCE Secretariat