Press release
Шӯрои доимии САҲА мандати Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро тамдид кард
- Date:
- Place:
- ВЕНА
- Source:
- OSCE Chairpersonship, OSCE Programme Office in Dushanbe
- Fields of work:
- Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо
ВЕНА, 2 марти соли 2017 – Бо қарори Шӯрои доимии САҲА дар ш. Вена мандати Дафтари САҲА дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид.
Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин ниҳоди ин созмон мебошад, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро дорад. Дар ҷаласаҳои он намояндагони ҳамаи 57 кишвар-иштирокчии САҲА ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.