Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Наҷотбахшони тоҷик даври якуми курси омӯзишии ташкилнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда хатм карданд
Publishing date: 10 октябр 2020
10 октябри соли 2020, 20 нафар наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон курси чорҳафтаинаи омӯзиширо хатм карданд, то малакаи худро оид ба гузаронидани амалиётҳои саҳроии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар шароитҳои душвор, ки одатан ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон дучор меоянд, такмил доданд. Курси маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупоро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита доир намуд...
САҲА барои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омӯзиши аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришударо оид ба зарфиятҳои устувори амалиётҳои саҳроӣ доир менамояд
Publishing date: 14 сентябр 2020
Рӯзи 14 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии чорҳафтаинаро барои 20 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) оғоз кард.
Дафтари барномаҳои САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро тақдим кард
Publishing date: 7 август 2020
Дар санаи 4 августи соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро (тепловизионные камеры видеонаблюдения) тақдим намуд. Таҷҳизоти супоридашуда иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои беҳтар муайян ва мусодира кардани ашёҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади сабзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад афзоиш медиҳад.
Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи ҳифзи сарҳадоти сабз ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро оғоз менамояд
Publishing date: 2 январ 2020
1 январи соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи “Мустаҳкам намудани минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”-ро ба маблағи 3.3 миллион евро, ки дар доираи Воситаи (Санади) сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз намуд. Ҳадафи лоиҳаи 18-моҳа таҳкими зарфияти касбии хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) дар эътино намудан ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.
САҲА иқтидори мансабдорони сарҳадбони Осиёи Марказиро дар таҳқиқоти таҳлилӣ ва мубодилаи иттилоот баланд мебардорад, то амнияти сарҳадҳоро дар минтақа мустаҳкам намояд
Publishing date: 4 ноябр 2019
25 октябри соли 2019 мансабдорони сарҳадбон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе семинари якҳафтаинро оид ба амалияи таҳлилӣ ва мубодилаи иттилоот анҷом доданд.
Сарҳадбонони Тоҷикистон ва Афғонистон курси таълимии САҲА оид ба таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро хатм карданд
Publishing date: 23 сентябр 2019
20 сентябри соли 2019, 15 нафар сарҳадбонони тоҷик ва даҳ нафар сарҳадбонони афғон дар Душанбе курси чорҳафтаинаи таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳоро бомуваффақият хатм карданд. Он дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори воҳидҳои посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тавассути рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» баргузор карда шуд...
САҲА дар соли 2019 ихтисоси 100 масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистонро тавассути силсилаомӯзишҳо такмил медиҳад
Publishing date: 24 июн 2019
Аз 17 то 22 июни соли 2019, САҲА сеюм тренинги силсилавии худро барои масъулини мақомоти сарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ анҷом дод. Ин тренинги хотимавии силсилаомзишҳо буда, дар аввали соли ҷорӣ ба чунин монанд тренингҳо дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор шуда буданд. Ҳамаи тренингҳо аз ҷониби коршиносони миллии сарҳадбони Тоҷикистон, ки хатмкунандагони курсҳои қаблии САҲА мебошанд, гузаронида шуданд.