Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар самти таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути Интернет омӯзонд
Publishing date: 2 декабр 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
28 ноябри соли 2019 дар Душанбе курси омӯзишии серӯза оид ба усулҳои тафтишоти ҷиноятҳои марбути гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути Интернет, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир гардид, анҷом ёфт...
САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полис ва ҷомеаро дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мекунанд
Publishing date: 9 октябр 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД ҶТ) ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо мақсади муҳокимаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамчун муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ мулоқот намуданд. Мизи мудаввар 4 октябри соли 2019 дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Он аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Созмони байналмилалии Сейферворлд дастгирӣ шудааст. Дар ин чорабинӣ тақрибан 110 иштирокчӣ, аз ҷумла кормандони ВКД ва намояндагони ташкилотҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
САҲА кормандони ВКД ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистонро оиди идоракунии самараноки лоиҳаҳо меомӯзонад
Publishing date: 17 сентябр 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ва Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) Тоҷикистон дар давраи омӯзишии САҲА оид ба идора намудани лоиҳаҳо ва ҷалби маблағ иштирок карданд. Малакаҳои андӯхтаи иштирокдорон ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар сохторҳояшон кӯмак хоҳад кард. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил шуда, аз 26 август то 13 сентябри соли 2019 баргузор гардид. Дар он афсарони баландрутбаи шӯъбаҳои гуногуни ВКД ва АНМН ширкат варзиданд...
САҲА ба прокурорҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба усулҳои мусоҳиба бо кӯдакон таълим медиҳад
Publishing date: 7 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Барномаи САҲА дар Душанбе, дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз 24 июл то 3 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба адолати судӣ нисбати кӯдакон доир намуд...
САҲА ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мусоидат намуданро ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таълим медиҳад
Publishing date: 19 июл 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 28 июн то 19 июли соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор намуд. Курсҳо дар Душанбе, Ғарм, Кӯлоб ва Хуҷанд ташкил карда шуда, 100 нафар иштирокчиён, аз ҷумла аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва инчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишварро фаро гирифтанд...
Муттаҳидсозии кӯшишҳо барои амалигардонии бомуваффақияти ислоҳоти милитсия – САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии ҳамоҳангсозии шариконро баргузор намуд
Publishing date: 13 март 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Санаи 12-уми марти соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) дар Душанбе мизи мудавварро бо намояндагони воломақоми ҷомеаи байналмилалии донорҳо барои ҷамъоварии маблағ барои амалигардонии бомуваффақияти ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон доир намуданд...
САҲА ба Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таҷҳизоти судӣ-тиббиро тақдим менамояд
Publishing date: 31 январ 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
30 январи соли 2019 дар Душанбе Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти таълимӣ-криминалистиро тақдим намуд. Таҷҳизоти тақдимшуда шаш асбоби дарёфти тирҳо, чор асбоби муайянкунии сахтии металл, чор тарозуи озмоишӣ, як микроскоп, сӣ дастурамалӣ криминалистӣ, панҷ компютери рӯимизӣ, як проектор бо экран ва ду видеокамераи рақамиро дарбар мегирад.