Publications
Шарҳи Вазъи Ҳолатҳои Фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017
Publishing date: 3 июл 2018
Content type: Таҳқиқот / гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Бознигарии мазкур, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумита) анҷом шудааст, дорои маълумот дар бораи тадбирҳои анҷомшуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, таҳлили вазъият дар соҳаи мазкур, фаъолияти Кумита дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ҳамчунин ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсир ва пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Бознигарӣ ҳамчунин шомили маводҳо оид ба назорат, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Бознигарӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.
Офатҳои табиӣ ва хавфҳо: Иттилоот ва коммуникатсия
Publishing date: 12 октябр 2016
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: OSCE Secretariat
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Regional Environmental Center for Central and Eastern Europe (REC)
Дастур оид ба офиятбахшии психологии ҷабрдидаҳои зӯроварӣ дар оила (Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси психология)
Publishing date: 20 сентябр 2016
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Ин дастур ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила кӯмак пешниҳод мекунад ва барои психологҳои оянда, кормандони марказҳои бӯҳронӣ ва кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ роҳнамо мебошад. Ин дастур аз маълумоти амиқ дар бораи зӯроварӣ дар оила иборат мебошад. Дар он инчунин шарҳи ҷанбаҳои амалии машваратҳои психологӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила омадааст. Дастур танҳо ба забони тоҷикӣ дастрас аст.
Пешгирии Зӯроварӣ дар Оила: Китоби Иттилоотӣ
Publishing date: 23 июн 2016
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ, Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Мақсади асосии дастур ин такмили сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама нозирони милитсия, ки бевосита бо аҳолии мамлакат кор мебаранд ва муқаррароти қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро амалӣ месозанд, мебошад. Дастур моҳияти зӯроварӣ дар оиларо тавассути дарки вазъи равонии ҳуқуқвайронкунанда ва ҷабрдида, фаҳмиши стереотипҳои мавҷуда дар бораи зӯроварӣ дар оила ва ҷанбаҳои гуногуни баробарии гендерӣ, мефаҳмонад. Дастур инчунин нақши кормандони милитсияро дар мубориза бар зидди ин падидаи манфии иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои усули байнисоҳавиро дар самти расонидани кӯмак ва ҳимоя ба ҷабрдидагон муайян месозад.
«Барои шахсоне, ки дучори зўроварии хонаводагї гаштаанд»
Publishing date: 1 июл 2015
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Шӯъба оид ба масъалаҳои огоҳӣ ва баробарии гендерӣ ба нашри бюллетени иттилоотӣ/ маълумотномае, ки дорои маълумот дар бораи марказҳои бӯҳронӣ, шӯъбаҳои махсуси милитсия, идораҳои милитсия, Марказҳои захиравии заноне, ки аз тарафи САҲА дастгирӣ мешаванд ва дигар ҷойҳое, ки дар он ҷо ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила баррасӣ мешаванд ҳаст, кӯмак мерасонад.
ПРИНСИПҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА ВОБАСТА БА МАҚОМИ СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИИ ҶАМОАҲОИ ДИНӢ ВА ҶАМОАҲОИ БА ЭЪТИҚОДҲОИ МУАЙЯН ПАЙРАВИКУНАНДА
Publishing date: 4 феврал 2015
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
Where we are: OSCE Office for Democratic Institutions and Human Rights
What we do: Ҳуқуқи инсон
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Мақсади Тавсияҳои мазкур – барои ашхосе, ки дар таҳия ва татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи озодии дин ё эътиқод иштирок мекунанд, аз он ҷумла ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод намудани ҳуҷҷати намунавии дарбаргирандаи меъёрҳои ҳадди ақали байналмилалӣ дар самти эътирофнамоии ҷамоаҳои динӣ ё ҷамоаҳое, ки ба эътиқоди муайян пайравӣ мекунанд, мебошад. Муаллифон кӯшиш намекунанд, ки созишномаҳои амалкунандаи байни давлатҳо ва ҷамоаҳои диниву ҷамоаҳои ба эътиқоди муайян пайравикунандаро зери шубҳа гузоранд. Вазифаи ҳуҷҷати мазкур бештар ба таври мухтасар шарҳ додани заминаҳои ҳуқуқие, ки ба ҷомеаҳои хоҳишманд имконияти одилонаи ба даст овардани мақоми шахси ҳуқуқӣ, инчунин, истифодаи меъёрҳои муқарраршударо бидуни табъиз таъмин намудан мебошад, равона шудааст. Дар нашрияи мазкур масъалаҳои бақайдгирӣ ва эътирофи расмии ташкилотҳои динӣ ё ташкилотҳои ба эътиқоди муайян пайравикунанда ба таври муфассал баррасӣ мешаванд ва ин маводро бахши II.F-и Тавсияҳои соли 2004 «Қонунҳои танзимкунандаи бақайдгирии ташкилотҳои динӣ ва ташкилотҳои ба эътиқоди муайян пайравикунанда» пурра мекунад. Бо вуҷуди ин, муқаррароти Тавсияҳои соли 2004 пурра эътибори худро нигоҳ медоранд.
Роҳнамо оид ба масъалаҳои гузариш ба пахши рақамии телевизион ва радиошунавонӣ
Publishing date: 26 ноябр 2010
Content type: Таҳқиқот / гузориш
Where we are: OSCE Representative on Freedom of the Media
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Муаллифон д-р Катрин Найман-Меткалф, профессор ва мудири кафедраи ҳуқуқу технологияи Донишгоҳи технологии Таллин ва доктори илмҳои филологӣ Андрей Рихтер, профессор ва мудири кафедраи таърих ва танзими ҳуқуқии ВАО-и факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов.
Роњнамо оид ба худтанзимкунии ВАО
Publishing date: 14 апрел 2008
Content type: Роҳнамо / Дастур / Маълумотнома
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Роњнамо дар шакли саволу љавоб мураттаб гашта, маќсаднок ва барои истифодабарї содда аст. Модели ягонае мављуд нест, ки он барои истифода дар њамаи кишварњо яксон мувофиќ бошад. Аз ин рў, китоби мазкур махсус ба кишварњои људогона таваљљўњ накарда, балки доираи васеъи масъалањои амалиро инъикос намудааст. Механизмњои мављудаи худтанзимкунї чї тавр амал мекунанд? Вазифањои њаллу фасл намудани кадом масъалањо дар назди мо истодааст? Механизмњои мазкурро чї тавр ба вуљуд овардан ва такмил додан мумкин аст?
Тавсияҳои Осло оид ба ҳyқyқҳои Забонии ақаллиятҳои миллй ва Эзоҳнома
Publishing date: 1 феврал 1998
Content type: Китоб
Where we are: OSCE High Commissioner on National Minorities
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, National minority issues
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
A set of HCNM Recommendations on the linguistic rights of national minorities.
Тавсияҳои Гаага оид ба ҳyқyқҳои ақалиятҳои миллй ба маълyмот
Publishing date: 1 октябр 1996
Content type: Китоб
Where we are: OSCE High Commissioner on National Minorities
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, Омӯзиш, National minority issues
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо