Documents library
Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон
Publishing date: 20 октябр 2022
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши «Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон», ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Сушмита Синҳа дар соли 2020 таҳия шудааст, бар асоси таҳлили сифатии иттилооте, ки тавассути мусоҳиба ва баррасии ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шудааст, асос ёфтааст. Таҳлил тавассути омӯзиши рӯимизӣ аз нуқтаи назари техникӣ, иҷтимоӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва зарфият анҷом дода шудааст. Баррасии гузоришҳо, мақолаҳо ва вохӯриҳои онлайн ва муҳокимаҳо бо коршиносони калидии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба лоиҳаҳои ҷории беҳдоштӣ дар Тоҷикистон барои фаҳмидани талабот гузаронида шудаст. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавассути ин таҳқиқот кӯшиш кард афкор, вазъи кунунӣ ва норасоиҳоро дар инфрасохтор, сохторҳои институтсионалӣ, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, дониш, огоҳӣ, зарфияти ҷонибҳои манфиатдор ва чаҳорчӯби қонуниро муайян кунад. Ҳисоботро доираи васеи баҳрабардорон истифода бурда метавонад, бахусус барои иттилоотонии шахсони масъули қабули қарорҳо ва ҷонибҳои асосии манфиатдор дар бораи он, ки барои беҳтар кардани ҳолати санитарӣ ва муқаррар кардани талабот барои омӯзиши минбаъда дар маҳалҳо зарур аст.
Шарҳи Вазъи Ҳолатҳои Фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Publishing date: 11 ноябр 2021
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Нашрия маълумот дар бораи низоми давлатии амалҳои пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда, татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш инчунин маълумотро дар бораи фаъолияти таблиғотии аҳолӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, сиёсати кадрӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва самтҳои асосии рушди Кумита дар соли 2020 дар бар мегирад. Гузориши мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас аст.
Шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019
Publishing date: 4 январ 2021
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Нашрия маълумот дар бораи низоми давлатии амалҳои пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда, татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш инчунин маълумотро дар бораи фаъолияти таблиғотии аҳолӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, сиёсати кадрӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва самтҳои асосии рушди Кумита дар соли 2019 дар бар мегирад. Гузориши мазкур бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас аст.
Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 6 июн 2019
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумита) таҳия шудааст. Он маълумотро дар бораи такмил додани фаъолияти Кумита дар соли 2018, тавсифи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш ҳамчунин маълумотро дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, ҳамкории байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандони Кумита ва дурнамои рушди институтсионалиро барои соли 2019 фаро мегирад. Гузориш бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.