Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» дар Душанбе хотима ёфт
19 октябр дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» ба анҷом расид.
Конфронси дурӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари мубориза бо терроризми СММ, Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо, бо дастгирии Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мизбонӣ карда шуд.
Ҳадафи конфронс мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баҳри беҳтар намудани назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳаракати террористон, аз ҷумла ҷангиёни террористии хориҷӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқи сабуки оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва яроқу масолеҳи тарканда, ядроӣ, кимиёвӣ, биологӣ ё радиологӣ мебошад.
Дар конфронс САҲА-ро Ҳамоҳангсози фаъолиятҳои САҲА оид ба муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, сафир Алена Купчина намояндагӣ карда, Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ба ширкаткунандагон бо паёми видеоӣ муроҷиат кард.
“Дар солҳои охир хавфҳои фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ба таври фазоянда печидатар шуда, мушкилотро бо суръати ҳайратовар афзоиш медиҳанд. Ҳеҷ як давлат наметавонад бо чолишҳо, ба мисли ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм ё қочоқи ғайриқонунии маводди мухаддир мубориза барад. Ҳамкории бештар ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ ҳатмӣ ба шумор меравад” – иброз дошт хонум Ҳелга Мария Шмидт
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Тея Ҷалиашвилӣ дар назди иштирокчиёни Конфронс суханронӣ намуда, инчунин чорабинии ҳошиявии конфронсро дар мавзӯи «Усулҳои рафторӣ дар мубориза бо терроризм: татбиқи усулҳои рафторӣ барои таъмини амнияти сарҳадӣ» ифтитоҳ намуд. Зимни суханронии худ ӯ ба зарурати ҷиддии таҳкими ҳамкориҳои ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳадӣ ва татбиқи муносибати фарогири САҲА ба амният таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. “Танҳо тавассути татбиқи чораҳои ҳамаҷониба ва созанда – барномавӣ ва техникӣ (нарм ва сахт) - барои мубориза бо терроризм ва идоракунии амнияти сарҳад бо ҷалби ҳам мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ, натиҷаҳо ба даст меоянд”, афзуд Ҷалиашвилӣ.