Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Мубориза бар зидди терроризм
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мунтазамона зарфияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар робита бо мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ баланд мебардорад. Дафтари барномаҳои САҲА гузаронидани таҳқиқот, чорабиниҳо оид ба баландбардории сатҳи огоҳии мардум, таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои омӯзиширо роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундрав, ки ба терроризм оварда мерасонад (VERLT), дастгирӣ намуда, намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам меорад.