Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Ҳуқуқи инсон
Дафтари барномаҳо дар татбиқи барномаи давлатии таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон тавассути такмили ихтисос ва таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти сарҳад ва дигар мақомоти марбута, ва инчунин хизматчиёни давлатӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, кӯмаки машваратӣ мерасонад. Ба ғайр аз баргузор намудани миқдори зиёди чорабиниҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ дар саросари кишвар, Дафтари барномаҳо байни хизматчиёни воломақоми давлатӣ ва мутахассисон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон вохӯриҳо баргузор менамояд. Ин муколама ба тарҳрезии стратегия ва чорабиниҳои амалӣ роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, озодии дин ва эътиқод, ҳуқуқ ба молу мулк, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, имконият фароҳам меоварад.