Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Идоракунии самарабахш
Дафтари барномаҳо дар ташаббусҳои гуногун, ки ба мубориза бар зидди фасод (коррупсия) дар кишвар ва беҳбуди системаи мудирият нигаронида шудаанд, ширкат меварзад. Ба ин ҷо барномаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва мусоидат ба ислоҳоти базаи ҳуқуқии кишвар дохил мешаванд. Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои зерин дода мешавад: пешгирии фасод ва криминализатсияи ҷиноятҳои марбут ба фасод, декларатсияи дороиҳо аз ҷониби хидматчиёни давлатӣ, ва инчунин гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз тарафи сохторҳои давлатӣ мутобиқ ба принсипҳои зиддифасодӣ.