Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Фаъолияти иқтисодӣ
Бо мақсади кӯмак ба Тоҷикистон дар густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодии он, Дафтари барномаҳо бозорҳои наздисарҳадӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодиро, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгиранд, тавассути расонидани кӯмаки машваратӣ дастгирӣ менамояд. Дар водии Рашт, ки дар гузашта саҳнаи низоъҳои мусаллаҳонаи шӯришиён ва қувваҳои ҳукуматӣ буд, Дафтари барномаҳо барои беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ба сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ кӯмак мерасонад ва ба иштироки фаъолонаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар тарҳрезии сиёсати миллӣ мусоидат менамояд. Дафтари барномаҳо инчунин ба ҳукумати кишвар дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад ва ба иштироки соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ дар анҷуманҳои ҳарсолаи байналмилалии иқтисодӣ, ки дар минтақаҳои кишвар баргузор мегарданд, мусоидат менамояд.