Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Назорати яроқу аслиҳа
Дафтари барномаҳо ба кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои афсарон оид ба масоили бехатарии физикӣ ва идоранамоии захираҳои яроқу аслиҳа кӯмак мерасонад, барои кормандони Маркази верификатсионии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои таълимӣ мегузаронад, инчунин лоиҳаи ҷорӣ кардани системаи сабти электрониро дар анборҳое, ки дар онҳо яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ нигоҳ дошта мешаванд, татбиқ менамояд. Дафтари барномаҳо барномаи дарёфт ва поксозии минаҳо ва дигар маводи таркандаро тавассути тақвияти зарфияти Гурӯҳи поксозии башардӯстонаи минаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд. Ҳамчунин он ба баргузории муколама ва инкишофи ҳамкории техникӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути ташкил намудани мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо, ки ба табодули иттилоот байни кишварҳои минтақа мусоидат менамоянд, кӯмак мерасонад.