Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Ваколат
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар татбиқ ва тарвиҷи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои САҲА мусоидат мекунад. Бо таваҷҷӯҳи махсус ба шароит дар минтақа, Дафтари барномаҳо талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо душвориҳо ва таҳдидҳо ба амният, дар пешгирии низоъҳо ва танзими бӯҳронҳо дастгирӣ мекунад. Дар ин робита, Дафтари барномаҳо дар соҳаи идоракунии сарҳадҳо, ислоҳоти милитсия, мубориза бар зидди терроризм, амният ва ва идоракунии захираҳои силоҳҳои сабуки оташфишон фаъолият мебарад. Дафтари барномаҳо ба кишвар инчунин дар ҳалли масъалаҳои зерин кӯмак мерасонад: рушди тиҷорати озод, идоракунии самарабахш, муҳофизати муҳити зист, идоракунии захираҳои об ва амнияти энергетикӣ. Дафтари барномаҳо инкишофи волоияти қонун, ниҳодҳо ва равандҳои демократӣ ва сиёсӣ, аз он ҷумла ҳимоят аз ҳуқуқи башарро дастгирӣ менамояд.