Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарон гирд меорад
Publishing date: 10 октябр 2024
Рӯзҳои 10 ва 11 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизи мудаввари дурӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, доир менамояд. Ҳадафи ин чорабинӣ гирд овардани 150 ҷавонписар ва духтарон дар баробари намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ мебошад.
Курси САҲА ба воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили маҳорати ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунад
Publishing date: 8 октябр 2024
8 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии якмоҳаро таҳти унвони «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ» (SFOC) дар Отряди сарҳадии Шӯроободи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонд.
САҲА ба воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ нигаронидашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти иттилоотӣ тақдим кард
Publishing date: 4 октябр 2024
4 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ нигаронидашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд.
САҲА машғулиятҳои омӯзиширо дар мавзӯи “Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон” доир намуд ва машваратҳоро оид ба Нақшаи нави миллии муқовимат ба хариду фурӯши одамон дастгирӣ кард
Publishing date: 4 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
Аз 11 сентябр то 4 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе як силсилаи панҷ машғулиятҳои омӯзиширо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳадафи машғулиятҳои омӯзишии мазкур тавонмандсозии 104 нафар иштирокчиён (63 мард, 41 зан) аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон иборат буд.
САҲА семинари минтақавиро оид ба пешгирии истеъмол ва паҳншавии маводи мухаддир байни ҷавонон дар Осиёи Марказӣ баргузор кард
Publishing date: 3 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Transnational Threats Department, OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Зиёда аз 40 коршинос ва ҷонибҳои манфиатдор аз саросари Осиёи Марказӣ дар семинари минтақавӣ ҷамъ омаданд, ки ба ҳалли мушкилоти афзояндаи истифодаи маводи мухаддир ва моддаҳои нави психоактивӣ (МНП-NPS) дар байни ҷавонон нигаронида шудаанд. Семинар, ки рӯзҳои 2 ва 3 октябр баргузор шуд, аз ҷониби Котиботи САҲА, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва Барномаи Аврупо алайҳи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил (EU-ACT 2) ташкил карда шуд.
САҲА Форуми дуюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи Сирдарёро дастгирӣ кард
Publishing date: 30 сентябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
30 сентябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сирдарёро дастгирӣ намуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавсеаи имконоти занонро дар бахши об дастгирӣ кард
Publishing date: 28 сентябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management