Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ташаббусҳои амнияти радиатсионӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Publishing date: 6 август 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Аз 2 то 6 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) форуми серӯзаи миллии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба барқарорсозии собиқ партовгоҳҳои уран дар Тоҷикистон»-ро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ташкил намуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳамкорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва гурӯҳҳои кории техникӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ аз навоҳии мавриди ҳадафи минтақа ширкат доштанд.
САҲА барои наҷотдиҳандагони тоҷик таълими наҷотдиҳӣ дар шароити кӯҳистонро ташкил кард
Publishing date: 5 август 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
5 августи соли 2023 бист нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии доирнамудаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон (Дафтари барномаҳо) дар мавзӯи «Амалиёти кӯҳнавардӣ-наҷотдиҳӣ дар шароити кӯҳистон» дар ноҳияи Варзобро хатм намуданд.
САҲА барои мутаххасисони ҷавони тоҷик оиди навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар соҳаи роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об омӯзиш барпо намуд
Publishing date: 24 июл 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Аз 19 то 21 июл дар Душанбе, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) семинари серӯза оид ба навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар соҳаи роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об баргузор намуд.
Наҷотдиҳандагони тоҷик курси таълимии доирнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ анҷом доданд
Publishing date: 17 март 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
17 марти соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии баланд бардоштани иқтидор оид ба бехатарӣ аз тармафароӣ барои 20 нафар намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро хотима бахшид. Курси дуҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва тавонмандии наҷотдиҳандагон дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар минтақаи тармафароӣ, инчунин офиятбахшии осебдидагон пас аз тармафароӣ дар шароити душвори зимистон нигаронида шудааст.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Publishing date: 15 август 2022
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа, Combating trafficking in human beings, Демократикунонӣ, Фаъолияти иқтисодӣ, Идораи сарҳад, Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист, Ҳуқуқи инсон, Идоракунии самарабахш, Countering terrorism, Баробарии гендерӣ, Озодӣ ва рушди расонаҳо, Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Water management, Ҷавонон, Волоияти қонун
12 августи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Теа Ҷалиашвили бо Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, самтҳои ҳамкориро баррасӣ намуд.
Иттиҳоди Аврупо ва САҲА Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистонро дар тармиму таҷдиди Маркази таълимии Қаратоғ дастгирӣ мекунанд
Publishing date: 6 июл 2022
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идораи сарҳад, Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Рӯзи 5 июл Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маросими анҷоми марҳилаи аввали лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришавандаи тармиму таҷдиди Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро дар Каратоги нохияи Шахринав доир намуд. Сохтмон аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе анҷом дода шуда, таъмиру таҷҳизонидани синфҳои таълимӣ, ошхона, нуқтаи назоратии гузаргоҳ ва хобгоҳ барои 120 нафар шунавандагон ва тренерон, аз ҷумла ду утоқ барои занони иштирокчӣ ҷудо шудааст. Ин такмилот иқтидори Маркази таълимиро ҷиҳати гузаронидани курсҳои таълимӣ барои наҷотдиҳандагони тоҷик барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири харобиовари офатҳои табиӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад дод.
Ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар сафари ташкилнамудаи САҲА таҷрибаи пешқадами муҳитзистии Гурҷистонро меомӯзад
Publishing date: 18 май 2022
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистонро ба Гурҷистон 9-16 майи соли 2022 дастгирӣ кард. Дар ҷараёни боздиди омӯзишӣ ҳайати намояндагон бо таҷрибаи Гурҷистон дар пешбурди маърифати экологӣ дар заминаи Ҳадафҳои Рушди Устувор, татбиқи стратегияҳои тиҷорати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусоидат ба рушди принсипҳои иқтисоди сабз шинос шуд.