Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА тавассути муколамаи мизи мудаввар ба ҳалли масъалаҳои об, санитария ва беҳдошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад
Publishing date: 20 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
20 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизи мудаввари якрӯзаро дар мавзӯи «Талаботи стандартии меъёрӣ оид ба назорати сифати оби партов» баргузор намуд.
САҲА иқтидори роҳбарони Марказҳои дастгирии занони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути омӯзиши интерактивӣ оид ба таҳияи лоиҳа, идоракунӣ ва ҷалби захираҳо тақвият медиҳад
Publishing date: 20 декабр 2024
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии панҷрӯзаро оид ба таҳияи лоиҳаҳо, идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҷамъоварии маблағҳо ташкил намуд, ки аз 16 то 20 декабри соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 14 роҳбари Марказҳои захиравии занон, аз чумла 9 нафар занон дар курс иштирок карданд ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешаванд.
САҲА семинар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба натиҷаҳои асосии даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард
Publishing date: 17 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
Аз 16 то 17 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари дурӯзаро мизбонӣ кард, ки ба хулосаҳои “Ҳисоботи ибтидоӣ аз даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон. Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия» нигаронида шудааст.
САҲА шабакаи ҷавононро дар пешбурди баробарии гендерӣ дар саросари Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Publishing date: 17 декабр 2024
Аз моҳи октябр то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендериро дар ташкили даҳ ҷаласаи баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар саросари Душанбе ва манотиқи деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ кард. Зиёда аз 25 нафар аъзои шабака ба Норак, Панҷакент, Хуҷанд, Айнӣ, Исфара, Ғарм, Кӯлоб, Бохтар ва Леваканд сафар карда, 283 иштирокчӣ – 91 мард ва 192 зан – аз ҷумла ҷавонон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва пешвоёни ҷомеаро ҷалб намуданд.
САҲА Платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон доир намуд
Publishing date: 17 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
17 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Платформаи дуюми муколама оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар давоми сол доир намуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумат, аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
САҲА ба сафари табодули таҷриба барои мақомоти сарҳадбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беларус барои густариши таҷрибаҳои ҳамкории фаромарзӣ мусоидат кард
Publishing date: 13 декабр 2024
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои панҷ мутахассиси пешбари Ситоди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари табодули таҷриба ташкил намуд. Ин сафар аз 9 то 13 декабри соли 2024 ба шаҳрҳои Минск ва Брести Беларус сурат гирифт.
САҲА ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор кард
Publishing date: 11 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management