Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бознигарии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дастгирӣ мекунад
Publishing date: 26 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 22 то 26 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Вазорати корҳои дохилӣ дар гузаронидани ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба бознигарӣ ва такмили лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дар ноҳияи Ховалинг мусоидат намуд.
Боздиди Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Publishing date: 25 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Рӯзҳои 24-25 октябри соли 2024 Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Кейт Ферон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард, то дар таҷлили 30-солагии ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзад.
САҲА нишасти Марказҳои Орхус дар Хуҷандро дастгирӣ кард
Publishing date: 23 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Рӯзҳои 22-23 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) вохӯрии дурӯзаро дар шаҳри Хуҷанд барои панҷ Маркази Орхус ташкил намуд.
САҲА доир ба гузаронидани омӯзишҳо оид ба ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия дастгирӣ менамояд
Publishing date: 23 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
Рӯзҳои 11-12 ва 22-23 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ду омӯзишҳои дурӯзаро бо иштироки 38 намояндаи соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, аз ҷумла аз вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия, дастгирӣ намуд.
САҲА малакаҳои таҳқиқоти онлайнии Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути омӯзиш оид ба иктишоф бо истифода аз манбаҳои кушода тақвият медиҳад
Publishing date: 10 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Рӯзҳои 8 то 10 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар шаҳри Душанбе курси серӯзаи таълимии амалиро таҳти унвони “Иктишоф бо истифода аз манбаҳои кушода ва таҳқиқоти онлайн: сатҳи муқаддимавӣ” баргузор намуд. Омӯзиш барои 20 афсари Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, таҳти роҳбарии коршиноси байналмилалӣ доир гардид.
САҲА ҷавонон ва созмонҳои байналмилалиро барои таҷлили Рӯзи байналмилалии духтарон гирд меорад
Publishing date: 10 октябр 2024
Рӯзҳои 10 ва 11 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизи мудаввари дурӯзаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, доир менамояд. Ҳадафи ин чорабинӣ гирд овардани 150 ҷавонписар ва духтарон дар баробари намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ мебошад.
Курси САҲА ба воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили маҳорати ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунад
Publishing date: 8 октябр 2024
8 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии якмоҳаро таҳти унвони «Таҳкими иқтидори амалиётии саҳроӣ» (SFOC) дар Отряди сарҳадии Шӯроободи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Хатлон ба анҷом расонд.