Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА барои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омӯзиши аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришударо оид ба зарфиятҳои устувори амалиётҳои саҳроӣ доир менамояд
Publishing date: 14 сентябр 2020
Рӯзи 14 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии чорҳафтаинаро барои 20 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) оғоз кард.
САҲА барои беҳтар намудани муносибатҳои милитсия ва ҷомеа ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Publishing date: 4 сентябр 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Маросимҳои ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ба истифода додани шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара” дар ноҳияи Варзоб пай дар пай санаҳои 31-уми август ва 1-уми сантябри соли 2020 баргузор гардиданд.
САҲА таҳияи Нақшаи татбиқи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳои Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2030 дастгирӣ мекунад
Publishing date: 18 август 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ислоҳот ва ҳамкорӣ дар сохтори амниятӣ
Ҷаласаи шашрӯзаи гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои асосии таҳияи Нақшаи татбиқи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА омода гардида буд, дар яке аз истироҳатгоҳҳои Варзоб санаи 16 август ба анҷом расид...
Дафтари барномаҳои САҲА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро тақдим кард
Publishing date: 7 август 2020
Дар санаи 4 августи соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон камераҳои назоратиро (тепловизионные камеры видеонаблюдения) тақдим намуд. Таҷҳизоти супоридашуда иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро барои беҳтар муайян ва мусодира кардани ашёҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади сабзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад афзоиш медиҳад.
САҲА ба шарикони тоҷикистонии худ барои мубориза бо КОВИД-19 лавозимоти муҳофизатиро пешкаш кард
Publishing date: 4 август 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, бо мақсади таҳкими кӯшишҳои мубориза алайҳи пандемияи КОВИД-19, ба шарикони худ дар вазоратҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маблағи 50 000 евро кӯмаки амалӣ расонд. Дафтар маводҳоро аз 22 июл то 4 августи соли 2020 ба шарикони худ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт дастрас намуд...
САҲА барои пешгирии паҳншавии COVID-19 ба шарикони худ дар ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари Тоҷикистон маводҳоро тақдим кард
Publishing date: 10 июл 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Дар санаи 8-ум ва 9-уми июли соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба шарикони худ дар ҳукумати Тоҷикистон ва як қатор намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ашё ва маводҳои гуногунро барои пешгирии паҳншавии коронавирус тақдим кард.
САҲА таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоти безараргардониро ба Ҳукумати Тоҷикистон тақдим мекунад
Publishing date: 27 апрел 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои пешгирии паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ба ҳамкорони худ дар Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоти безараргардониро дастрас намуд. Кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон санаҳои 21 ва 24 апрели соли 2020 дастрас карда шуд.