Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА курси дуввуми омӯзиширо барои таҳкими иқтидори наҷотбахшии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оғоз мекунад
Publishing date: 27 октябр 2020
26 октябри соли 2020 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе даври дуюми Курси амалиёти устувори саҳроӣ барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро оғоз намуд. Курси чорҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва зарфияти наҷотбахшон барои расонидани кӯмак ба омодасозии онҳо ба гузаронидани амалиёти мураккаби наҷотбахшӣ дар шароити душвори саҳроӣ дар саросари кишвар равона шудааст.
САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои муҳокимаи ҳамкорӣ дар соли 2021 мулоқот доир менамоянд
Publishing date: 16 октябр 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
16 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари) бо намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мулоқоти виртуалӣ доир намуд, то дастовардҳои охирини асосии онҳо ва афзалиятҳои ҳамкорӣ дар соли 2021 муайян карда шаванд. Мулоқот бо созмонҳои ғақриҳукуматии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи Платформаи Шарикӣ байни Дафтар ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба банақшагирии ҳамкориҳои стратегӣ барои соли 2021 суръат гирифт, ки рӯзи 15 октябр онлайн баргузор шуд.
САҲА омӯзиши такмили ихтисос оид ба безараргардонии моддаҳои таркандаро барои масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оғоз мекунад
Publishing date: 16 октябр 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ислоҳот ва ҳамкорӣ дар сохтори амниятӣ
13-уми октябри соли 2020 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 16 афсари миёна ва баландрутбаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Маркази минатозакунӣ, Кумаки мардуми Норвегия ва Иттиҳоди сапёрон дар Душанбе як давраи омӯзишии такмили ихтисос оид ба безараргардонии маводи таркандаро оғоз намуд...
САҲА ва Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳоро барои соли 2021 муайян мекунанд
Publishing date: 15 октябр 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) фаъолияташро дар соли 2021 дар Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои мавҷуда ва афзалиятҳои муҳими кишвари мизбон дар доираи ҳар се андозагирии муносибати ҳамаҷониба ва ба ҳамкорӣ асосёфтаи САҲА ба амният пеш мебарад. Созишномаи кори муштараки САҲА ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Платформаи Шарикии САҲА дар шаҳри Душанбе санаи 15 октябри 2020-ум эълон карда шуд. Дар ин мулоқот мансабдорони боломақоми мақомоти давлатии Тоҷикистон ва намояндагони САҲА ширкат варзиданд.
Наҷотбахшони тоҷик даври якуми курси омӯзишии ташкилнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда хатм карданд
Publishing date: 10 октябр 2020
10 октябри соли 2020, 20 нафар наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон курси чорҳафтаинаи омӯзиширо хатм карданд, то малакаи худро оид ба гузаронидани амалиётҳои саҳроии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар шароитҳои душвор, ки одатан ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон дучор меоянд, такмил доданд. Курси маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупоро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита доир намуд...
САҲА барои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омӯзиши аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришударо оид ба зарфиятҳои устувори амалиётҳои саҳроӣ доир менамояд
Publishing date: 14 сентябр 2020
Рӯзи 14 сентябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии чорҳафтаинаро барои 20 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) оғоз кард.
САҲА барои беҳтар намудани муносибатҳои милитсия ва ҷомеа ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
Publishing date: 4 сентябр 2020
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Маросимҳои ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ба истифода додани шӯъбачаи хизматии милитсияи “Сафеддара” дар ноҳияи Варзоб пай дар пай санаҳои 31-уми август ва 1-уми сантябри соли 2020 баргузор гардиданд.