Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ҷаласаи 2-юми Шӯрои байналмилалии таълимӣ оид ба хатароти маводи тарканда ва вокуниш ба онҳоро дар Истанбул дастгирӣ кард
Publishing date: 15 декабр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
Ҳамкории минтақавӣ ва стандартизатсияи вокуниш ба хатароти маводи тарканда метавонад дар коҳиш додани таҳдидҳо ба ҳаёти одамон ва моликият мусоидат кунад. 14-15 декабри соли 2023 дар шаҳри Истамбули Туркия Ҷаласаи 2-уми Шӯрои таълимии байналмилалии САҲА баргузор гардид.
САҲА курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонд
Publishing date: 24 ноябр 2023
24 ноябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси дуюми таълимии банақшагирии амалиётиро барои 22 нафар афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон анҷом дод.
Ҳифзи ҳадафҳои осебпазир аз ҳамлаҳои террористӣ: анҷоми сафари омӯзишии мансабдорони ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса таҳти роҳбарии САҲА
Publishing date: 24 ноябр 2023
Content type: News
Where we are: Transnational Threats Department, OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Департаменти таҳдидҳои фаромиллии САҲА ва Намояндагии доимии Фаронса дар САҲА барои намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Париж сафари омӯзишӣ ташкил намуда, онҳоро бо таҷрибаи Фаронса дар ҳифзи ҳадафҳои осебпазир аз ҳамлаҳои террористӣ шинос намуданд.
САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимӣ баргузор мекунад
Publishing date: 17 ноябр 2023
17 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзиши роҳбаладон, ки аз ҷониби САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон доир гардида буд, ба анҷом расид.
САҲА сафарҳои муштаракро ба майдонҳои минарӯбии башардӯстона дар минтақаҳои Ваҳдат ва Ғарм ташкил кард
Publishing date: 3 ноябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
Аз 30 октябр то 3 ноябри соли 2023 Барномаи «Ҳамкориҳои ҳамаҷониба оид ба безараргардонии маводи тарканда»-и (ICExH) Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи (REHTC) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин сафарҳои муштаракро ба майдонҳои минарӯбии башардӯстона дар минтақаҳои Ваҳдат ва Ғарми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.
Дар Душанбе Ҷаласаи панҷуми Платформаи ҳамкорӣ анҷом ёфт
Publishing date: 31 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
31 октябри соли 2023 ҷаласаи панҷуми Платформаи ҳамкорӣ баргузор гардид, ки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирди ҳам овардааст.
САҲА курси минтақавии безараргардонии маводи таркандаро барои мутахассисон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия дастгирӣ кард
Publishing date: 27 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
27 октябри соли 2023 нуздаҳ нафар мутахассисони безараргардонии минаҳо (18 мард, 1 зан) аз сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти амниятӣ ва ниҳодҳои башардӯстонаи Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Сербия Курси сеҳафтаинаи минтақавии безаргардонии маводи таркандаро (лавозимоти ҷангии муқаррарии сатҳи 2) дар Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чимтеппаро анҷом доданд.