Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА малакаҳои намояндагони бахши хусусӣ ва нозирони меҳнатро оид ба ошкор кардани шаклҳои пинҳонии хариду фурӯши одамон такмил медиҳад
Publishing date: 25 апрел 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
Аз 23 то 25 апрели соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон курси серӯзаи таълимиро барои 12 намоянда (8 мард ва 4 зан) аз бахши хусусӣ ва мақомоти назорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд.
САҲА ба Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд
Publishing date: 26 март 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
26 марти соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Комиссияи байниидораии оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон маҷмӯи таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва идоравиро тақдим намуд.
САҲА Платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон доир намуд
Publishing date: 17 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
17 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Платформаи дуюми муколама оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар давоми сол доир намуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумат, аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
САҲА машғулиятҳои омӯзиширо дар мавзӯи “Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон” доир намуд ва машваратҳоро оид ба Нақшаи нави миллии муқовимат ба хариду фурӯши одамон дастгирӣ кард
Publishing date: 4 октябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
Аз 11 сентябр то 4 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе як силсилаи панҷ машғулиятҳои омӯзиширо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳадафи машғулиятҳои омӯзишии мазкур тавонмандсозии 104 нафар иштирокчиён (63 мард, 41 зан) аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон иборат буд.
САҲА ба ҷавонон усулҳои пешгирии хариду фурӯши одамонро таълим медиҳад
Publishing date: 27 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
Аз 25 то 27 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзиши серӯзаи роҳбаладон оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамонро доир намуд.
САҲА баргузории нахустин Конфронси ҷумҳуриявии сатҳи баланд оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард
Publishing date: 26 октябр 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
26 октябри соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ташкили нахустин Конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон мусоидат намуд.
Тақвияти ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо хариду фурӯши одамон дар маркази таваҷҷӯҳи конфронси САҲА дар Остона
Publishing date: 5 октябр 2022
Content type: News
What we do: Combating trafficking in human beings
4 ва 5 октябри соли 2022 дар Остона Конфронси минтақавии САҲА дар Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо хариду фурӯши одамон баргузор гардид, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар Душанбе ва Дафтари барномаҳо дар Остона дар ҳамкорӣ бо Дафтари Намояндаи махсус ва Ҳамоҳангсози САҲА оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон ташкил карда шудааст.