Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА барои дастгирии Стратегияи иқтисоди сабз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои иттилоотӣ ва семинарҳо ташкил кард
Publishing date: 31 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Аз моҳи ноябри соли 2024 то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе як силсила машғулиятҳои иттилоотиро барои мақомоти маҳаллии давлатии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар минтақаҳои гуногун ташкил намуд. Машғулиятҳои мазкур дар шаҳрҳои Дарвоз, Ғарм, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд баргузор шуданд, ки тақрибан 150 нафар (119 мард ва 31 зан) намояндагони 12 зербахши дар Стратегияи «Иқтисоди сабз» муайяншуда ҷалб намуданд.
САҲА мизи мудаввар оид ба татбиқи Стратегияи иқтисоди сабзро доир намуд
Publishing date: 30 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
30 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари якрӯза доир намуд, ки ба татбиқи Стратегияи иқтисоди сабз ва Нақшаи чорабиниҳои марбути он нигаронида шудааст. Чорабинии мазкур идомаи мантиқӣ ва ҷамъбасти чорабиниҳои барои соли 2024 ба нақша гирифташуда, пас аз як қатор маш-улиятҳои иттилоотии минтақавӣ буд, ки ба наздикӣ баргузор гардид.
САҲА Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар беҳтар кардани идоракунии минтақаҳои муҳофизатшаванда бо истифода аз барномаи SMART дастгирӣ кард
Publishing date: 23 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Аз 21 то 23 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе машғулияти омӯзишии серӯзаро доир намуд, ки ба татбиқи системаи SMART (Асбоби мониторинг ва ҳисоботдиҳии фазоӣ)- технологияи муҳими баланд бардоштани кӯшишҳои ҳифзи табиат дар минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда нигаронида шудааст.
САҲА тавассути муколамаи мизи мудаввар ба ҳалли масъалаҳои об, санитария ва беҳдошт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад
Publishing date: 20 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
20 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизи мудаввари якрӯзаро дар мавзӯи «Талаботи стандартии меъёрӣ оид ба назорати сифати оби партов» баргузор намуд.
САҲА ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор кард
Publishing date: 11 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
11 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Вазорати энергетика ва идоракунии захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷаласаи 12-уми Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажиро баргузор намуд.
САҲА ба такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи идоракунии захираҳои об дар Бохтар мусоидат мекунад
Publishing date: 1 декабр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Аз 29 ноябр то 1 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барномаи серӯзаи такмили ихтисосро бомуваффақият доир намуд, ки ба таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об нигаронида шудааст.
САҲА малакаҳои коршиносони равоншиносро ҷиҳати расонидани кумак ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ такмил медиҳад
Publishing date: 29 ноябр 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
29 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе курси омӯзишии якрӯза таҳти унвони «Дурнамоҳо ва рушди кумаки равонӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва техногенӣ» доир намуд.