Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба 18 Маркази захиравии занон дар ноҳияҳои дурдаст кӯмакрасониро давом хоҳад дод
3 марти соли 2017 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Марказҳои захиравии занон (МЗЗ), ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ меёбанд, шартномаи навро оид ба амалигардонии лоиҳаҳо дар самти МЗЗ барои соли 2017 ба имзо расонданд. Маросими баимзорасии шартнома дар бинои Маркази захиравии занони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор гардид.
«Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо омодагии том 18 МЗЗ-ро, ки сартосари кишвар ҷойгиранд, дастгирӣ менамояд. Тавассути ҳамкориамон мо дар таҳкими эҳсоси амният байни аҳолӣ саҳм мегузорем. Шурӯъ аз соли 2011 МЗЗ ба 93 931 нафар баҳрабардорон (78 073 зан ва 15 858 мард) аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон кӯмак намуданд. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин самти мушаххас баҳри ҳифзи ҳуқуқи занон ва огоҳгардонии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа давом хоҳад дод» - гуфт Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон.
«Мо шодем, ки ҳамкориамон бо САҲА дар мавриди мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ ва аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ дар маҳалҳо идома меёбад. Бо фаъолияти тӯлониамон дар ин самт ва ҳамзамон тавассути хизматрасонии баландсифат ба нафарони мавриди хушунати хонаводагӣ қарордошта ва занони ба ҳолатҳои душвор афтода, мо тавонистем боварии мардумро ба даст оварем» - гуфт Муаззама Усмонова, Директори ТҶ «Оксана» аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон.
Шабакаи Марказҳои захиравии занон калонтарин шабакаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, баҳри таъмини баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои занону духтарон ва тавонмандсозии онҳо, бахусус дар мавриди дастрасӣ ба хизматрасонии муассисаҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
МЗЗ ба аҳолӣ бо мақсади ҳифз ва офиятбахшии ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ ва одамрабоӣ кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод менамоянд. Курсҳои компютерӣ ва дӯзандагие, ки МЗЗ мегузаронанд, ба ҷабрдидагон имкон медиҳанд, то онҳо мустақилияти молиявӣ ба даст оварда, дар ҷомеа мавқеи худро мустаҳкам созанд.