Our people
Теа Ҷалиашвили
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Доктор Теа Ҷалиашвили аз Гурҷистон 1 сентябри соли 2020 вазифаи муовини Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанберо ба ӯҳда гирифт. Аз 8 июли соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳо мебошад.
Теа Ҷалиашвили таҷрибаи кории беш аз 19-соларо дар рушд ва идоракунии стратегӣ дорад. Қаблан ӯ ҳам дар СММ, Шӯрои Аврупо ва ташаббусҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар созмонҳои миллии давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ дар минтақаҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Аврупои Шарқӣ ва Қафқози Ҷанубӣ кор кардааст.
Теа Ҷалиашвили соҳиби унвони доктори илмҳои тиб ва фалсафа ва дараҷаҳои магистрӣ дар ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва идоракунии давлатӣ мебошад. Ӯ бо забони англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад ва забони фаронсавиро хуб медонад.