Our people
Сафир Валериу Кивер
Роҳбари Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Сафир Валериу Кивер, аз Ҷумҳурии Молдова, 13 майи соли 2019 ба адои вазифаи худ ба сифати роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шурӯъ намуд. Сафир Валериу Кивер зиёда аз 24 сол собиқаи кории дипломатӣ дорад ва дар гузашта ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷӣ ва интегратсияи аврупоии Молдова ва ҳамчунин сафири Молдова дар Австрия хидмат намудааст. Ӯ бо САҲА робитаи тӯлонӣ дорад, ба ҳайси Намояндаи доимии кишвар дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо адои хидмат намуд ва ба вазифаҳои гуногун дар намояндагиҳои САҲА дар Гурҷистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъин шуда буд.