Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Сафари омӯзишии аз ҷониби САҲА дастгиришуда ба Иттифоқи судязанони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами судяҳои испаниро омӯзанд
Publishing date: 19 июн 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Демократикунонӣ, Ҳуқуқи инсон, Баробарии гендерӣ
Рӯзҳои 13-15 июни соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шаш намояндаи Иттифоқи судязанони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Барселонаи Испания сафари омӯзишӣ ташкил намуд. Мансабдорони тоҷик аз ҳамтоёни испании худ таҷрибаи пешқадами беҳтар намудани дастрасии занон ва духтарон ба адолати судӣ, баланд бардоштани ҳассосияти гендерӣ дар ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати духтарон ва занон, аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ дар мурофиаҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро омӯхтанд.
САҲА сафари омӯзишии намояндагони Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендерӣ аз Тоҷикистонро ба Гурҷистон дастгирӣ кард
Publishing date: 23 май 2023
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Демократикунонӣ, Баробарии гендерӣ
Гурӯҳи ҳаштнафараи аъзои ҷавони Шабакаи ҷавонони САҲА барои баробарии гендерӣ, чор зан ва чор мард, дар доираи сафари омӯзишӣ аз 1 то 4 майи соли 2023 ба Тифлиси Гурҷистон барои барқарор намудани робитаҳо ва омӯзиши баробарии гендерӣ ташриф оварданд. Сафар аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Publishing date: 15 август 2022
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа, Combating trafficking in human beings, Демократикунонӣ, Фаъолияти иқтисодӣ, Идораи сарҳад, Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист, Ҳуқуқи инсон, Идоракунии самарабахш, Countering terrorism, Баробарии гендерӣ, Озодӣ ва рушди расонаҳо, Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Water management, Ҷавонон, Волоияти қонун
12 августи соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Теа Ҷалиашвили бо Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, самтҳои ҳамкориро баррасӣ намуд.
Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 7 июл 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод...